Тоҷикӣ | Русский | English

Масоили обӣ ва гидроэнергетикӣ

Шарҳи мухтасари соҳаи электроэнергетикаи
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишондиҳандаҳои асосӣ

Захираҳои умумии воқеӣ  527 млрд.кВт.с. дар сол (ҷой 8-ум дар ҷаҳон), 4% -и иқтидорҳои гидроэнергетикии ҷаҳонӣ
Истеҳсоли миёнасолонаи нерӯи барқ 18 млрд.кВт.с. (5% аз захираҳои воқеӣ )
Иқтидори низоми энергетикӣ 5713,56 МВт (ҳиссаи НБО-ҳо  4969,274969,27 МВт 95%, МБГ  718МВт 5%)
Иқтидори лоиҳавии НБО «Роғун» 3600 МВт/13 млрд.кВт.с.дар сол Рушди соҳаи энергетика 15% аз хароҷоти буҷетӣ
Содироти нерӯи барқ дар соли 2017 дар ҳаҷми 1 413,9 млрд. кВт.с.(53,527 млн. долл. ИМА)
Захираи ангишт 4,5 млрд.тонн
Истихроҷи ангишт давоми соли 2017 зиёда аз 1 млн. 760 ҳазор тонн.

Гидроэнергетика

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки дар маҷмуъ ба андозаи 527 млрд. кВт.с. дар сол арзёбӣ гардидаанд. Аз лиҳози техникӣ захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дурнамои хуб барои рушдро доро буда, аз 317 млрд. кВт. соат дар сол иборат мебошанд, ки аз онҳо то имрӯз танҳо 4-5% истифода гардидааст. Аз рӯи иқтидорҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон мавқеи 8-умро соҳибӣ менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистонро зиёда аз 95% гидроэнергетика ташкил медиҳад.  Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон назар ба истифодаи ҷории электроэнергия дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ се маротиба зиёд аст. Дар мавриди истифодабарии самараноки ин захираҳо минтақаро метавон бо энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд.

Иқтидори системаи энергетикии Тоҷикистон дар маҷмуъ  5713,56 МВт-ро ташкил дода, зиёда аз 95% иқтидори муқарраргардидаи ҳиссаи он ба нерӯгоҳҳо ва истеҳсоли миёнасолонаи нерӯи барқ дар системаи энергетикии Тоҷикистон, ки асосан аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ иборат мебошад, 18 млрд.кВт.соатро ташкил медиҳад. Маврид ба қайд аст, ки зиёда аз 98% нерӯи барқ дар қаламрави ҷумҳурӣ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла 97%-и он дар НБО-ҳои миёнаву бузург истеҳсол карда мешавад.

Дар фасли гармо интиқоли нерӯи барқ нисбатан боэътимод мебошад, зеро дар ин давра изофаи нерӯи барқ дар ҳаҷми 3-5 млрд кВт.с. мавҷуд мебошад. Изофаи об ба ҳаҷми назарраси партофти холии об оварда мерасонад, ки дар маҷмуъ ин маънои талафоти барзиёди нерӯи барқро ифода менамоянд. Бо дарназардошти шароитҳои гидрологии солона зарари иқтисодӣ аз 90 то 225 млн. доллари америкоиро дарбар мегирад.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 НБО-и миёнаву бузург ва тақрибан 300 НБО-ҳои хурд бо иқтидори 132 МВт фаъолият доранд. Дар соли 2009 барномаи нави сохтмони НБО-ҳои хурд қабул карда шуд. Мувофиқи барномаи мазкур сохтмони 64 НБО-ҳои хурд бо иқтидори умумии 95,7 МВт пешбинӣ гардидааст. Солҳои 2010-2011 дар ҳудуди кишвар зиёда аз 60 НБО-ҳои хурд бо иқтидори 47 МВТ сохта ба истифода дода шуда, ин раванд идома дорад. Арзёбии пешакӣ муайян намуд, ки дар маҷроҳои дарёҳои ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ сохтмони  зиёда аз 900 НБО-и хурд бо иқтидори аз 100 то 3000 кВт аз лиҳози техникӣ ва иқтисодӣ имконпазир мебошад. Аз рӯи ҳисоби коршиносон, истифодаи дурусти энергияи дарёҳои хурд имконияти пурра қонеъ намудани эҳтиёҷоти қариб 500 – 600 ҳаз. сокинони ноҳияҳои дурдасти мамлакатро ба нерӯи барқ ба андозаи 50-70% ва дар баъзе ҳолатҳои муайян бошад, ба андозаи 100% қонеъ менамояд.    

Дар соли 2009 низоми ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ ташкил карда шуд, ки он низоми энергетикии ҷануби кишварро бо низоми энергетикии шимол пайваст намуд. Ин бешубҳа дар навбати худ имконияти воқеии дастрасии тамоми аҳолии мамлакатро ба нерӯи барқи истеҳсолмегардида ба таври назаррас афзун намуд.

Бо назардошти даромади умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба андозаи 19,568,614 ҳаз. сомонӣ, барои рушди комплекси сӯзишворию энеретикӣ ҳамагӣ 2995,7 млн. сомонӣ ё 14,8%-и Буҷети давлатӣ ҷудо карда шуда буд.


Истихроҷи ангишт

Ба ғайр аз захираҳои гидроэнергетикӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дорои захираҳои бузурги ангишт мебошад, ки аз рӯи баъзе ҳисобҳо 4,5 млрд.тоннаро ташкил медиҳад. Охири соли 2017 корхонаҳои ангиштистихроҷкунандаи кишвар қариб 1,760,000 тонна ангишт истихроҷ карда шуд. Дар ҷумҳурӣ  зиёда аз 200 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолияти худро дар асоси сӯзишвории сахт бо талаботи умумии 1,600,000 тонна ангишт дар як сол, ба роҳ монданд.

 Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷи ангишт дар 9 кон, аз ҷумла  «Шӯроб», «Шишқат», «Фон-Яғноб», «Зиддеҳ» «Ғузн» «Моғиён» «Шуробод» «Чашмасанг» «Миёнаду» ва ғайра фаъолона ба роҳ монда шудааст. Захираи онҳо дар маҷмуъ зиёда аз 350 млн. тонна ангиштро дарбар мегирад.

Манбаъҳои алтернативии энергия

Иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи энергияи офтобӣ мувофиқ мебошад. Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ дар як сол 280-330 рӯзи офтобӣ мавҷуд буда, фаъолнокии маҷмӯии радиатсияи офтобӣ давоми сол аз 280 то 925 МҶ/м2 дар минтақаҳои наздикӯҳӣ ва ҳамчунин аз 360 то 1120 МҶ/м2  дар минтақаи кӯҳсорро нишон медод. Истифодаи энергияи офтоби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда аз 10 то 20% эҳтиёҷ ба лавҳаҳои офтобиро қонеъ менамояд.

Иқтидори нисбатан камтари бод мавҷуд буда, истифодабарии он ҳамчун асоси иловагӣ ё пуркунандаи гидроэнергетика танҳо дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Боди нисбатан сахт дар ноҳияҳои куҳсор, ки иқлими кишвар ба ҳампайвастшавии ҷараёни ҳаво мусоидат мекунад, ҳамчунин дар вилояти Суғд ва водии Рашт ба назар мерасад. Суръати миёнасолонаи шамол дар ин минтақаҳо тақрибан  5-6 м/с-ро ташкил медиҳад.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj