Тоҷикӣ | Русский | English  

Баргузории Ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматӣ Тоҷикистону Полша дар Варшава

Рӯзҳои 10-11 октябри соли 2017 дар шаҳри Варшаваи Полша Ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Полша баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкурро ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод ва муовини Вазири рушди Ҷумҳурии Полша Тадеуш Косчински роҳбарӣ намуданд.

Дар рафти кори Комиссияи байниҳукуматӣ вазъи кунунии ҳамкориҳои иқтисодии дуҷонибаи Тоҷикистону Полша мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо раванди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи мутақобилан судманди ҳарду кишварро мусбат арзёбӣ карда, қайд намуданд, ки иқтидори бузурги имкониятҳо ҳанӯз ҳам пурра истифода нагардидааст.

Бинобар ин зарур шуморида шуд, ки ҷонибҳо дар самти фаъол сохтани ҳамкориҳои самаранок дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, бонкдорӣ, илм ва маориф, инчунин соҳаи сайёҳӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Дар хотимаи кори Ҷаласа Протоколи Ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj