Тоҷикӣ | Русский | English  

Боздид аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи Сахарово

Чанде қабл кормандони Хадамоти Консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо масъулони Намояндагии Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Боздоштгоҳи марказии муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи Сахаровои канори шаҳри Москва боздид намуда, бо шароитҳои нигоҳдошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин боздоштгоҳ аз наздик ошно гардиданд.        

Зимни мулоқот бо Роҳбари ин муассиса –Лагода Алексей Викторович  масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардидаи Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.

Сипас кормандони масъули дипломатӣ ва намояндагӣ бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва  бевосита мулоқот анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас гуфтанд. Барои ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани боздоштшудагони муваққатӣ ҳуҷҷатҳои лозима дастрас карда шуд. Кулли шаҳрвандони дар ин боздоштгоҳ қарор дошта, барои вайрон кардани қонунгузории маъмурӣ вобаста ба будубош дар қаламрави Россия боздошт шудаанд.

Ҳамчунин бо шаҳрвандони кишварамон суҳбат доир ба риояи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират доир гашта, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани чунин қонунвайронкуниҳо тавсияҳо дода шуд.

Зимни ин боздид низ ба шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида меваҳои шаҳдбори  ватанӣ ва дигар маҳсулоти хурока дастрас карда шуд.

Иқдоми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти вохурӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва ба ин восита ҳарчӣ зудтар ба ватан фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида дар тамоми шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия мунтазам анҷом дода мешавад.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj