Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо ҳайати Парламенти Ҷумҳурии Арманистон

30 октябри соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати Парламенти Ҷумҳурии Арманистонр таҳти сарварии Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоянро, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон баррасӣ гардида, роҷеъ ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи минбаъда, инчунин рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj