Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Дар остонаи сафари расмии Президенти Туркманистон муҳтарам  Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов доир гардид.

Ҷонибҳо рафти омодагиҳо ба сафари расмии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, иқдомҳоро ҷиҳати бобарор ташкил намудани сафари мазкур ҳамоҳанг намуданд.

Зимни мулоқот вазирони корҳои хориҷии ду кишвари дӯсту бародар дар мавриди вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркманистон, роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳо дар самтҳои гуногун ва инчунин доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.


 

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj