Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии дипломатҳо бо Хонум П. Мехта.

1 ноябри соли 2017 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25 солагии роҳандозии ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии кормандони хизмати дипломатӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ ва Намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта баргузор гардид.

Дар мулоқот хонум Пратибҳа Меҳта дар бораи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СММ, аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва инчунин доир ба Ҳадафҳои рушди устувор суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш зимни суҳбати озод хонум Пратибҳа Меҳта ба саволҳои дипломатҳои ҷавон посух гуфт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj