Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Президенти Иттиҳоди японии РОТОБО

1 ноябри соли 2017 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо Президенти Иттиҳодияи Япония оид ба савдо бо Россия ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO), ҳамзамон Раиси Шӯрои мудирони ширкати «Kawasaki Heavy Industries» ҷаноби  Шигэру Мураяма баргузор гардид.

Зимни он доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, рушди робитаҳои соҳибкориву иқтисодӣ, инчунин роҳҳои таҳкими минбаъдаи ин самтҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сафири Тоҷикистон бо ҷалби диққати ҳамсуҳбаташ таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон барои сармоягузории японӣ имкониятҳои муносиб мавҷуд буда, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетика, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок метавонад барои сармоягузорони японӣ судбахшу ояндадор бошад.

Зарурати фаъол намудани роҳҳои гуногун барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла ташкили анҷуманҳои соҳибкориву нишастҳои солона, роҳандозии робитаҳои мустақим миёни РОТОБО ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон қайд карда шуд.

Дар охир ҷонибҳо омодагии хешро барои идома бахшидани кӯшишҳои муштараки баҳри рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратӣ, саноатӣ ва технология иброз намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj