Тоҷикӣ | Русский | English  

Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар Симпозиуми сатҳи баланд “Ҳамбастагии ҷаҳонии энержӣ: Пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор”

1 ноябри соли 2017 дар қароргоҳи СММ Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар Симпозиуми сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамбастагии ҷаҳонии энержӣ: Пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор”, ки бо ташаббуси Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ (UN DESA) баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон яке аз панелҳои чорабинии мазкурро раисӣ намуда, зимни ҷаласа оид ба иқтидору зарфиятҳои энергетикии Тоҷикистон ва аҳамияти рушди соҳаи мазкур барои кишвари мо маълумот дод.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj