Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2 ноябри соли соли 2017 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ  Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббасалӣ Каром оглу Гасанов ва Кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайид Маъсум Бадахшро ба ҳузур пазируфт.

Атрофи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва тавсеаи ин қабил ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, минҷумла “Раванди Стамбул-Қалби Осиё” табодули назар сурат гирифт.

Дар рафти суҳбат ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ даъватномаи муштараки вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Афғонистон ба унвони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар конференсияи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви “Раванди Стамбул-Қалби Осиё”, ки 1 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Боку доир мегардад, супорида шуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj