Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Сафир бо Раиси Миллӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон

2 ноябри соли 2017 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси Миллӣ Меҷлисӣ (Парлумон)-и Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла ҳамкориҳои байнипарлумониро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо аз рушди мусбии динамикии муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ёдовар шуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон, зарурати фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ иброз доштанд.

Роҷеъ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj