Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Ҷавод Зариф

8 ноябри соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба муҳокима гардида, доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо нақши Комиссияи байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодро дар густариши ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаҳои гуногун таъкид намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj