Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ

Нимаи дуюми рӯзи 9 ноябри соли 2017 дар ш.Самарқанд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масоили сиёсӣ Мирослав Енча баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои фарогир миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла ниҳодҳои тахассусии онро муҳокима намуданд.

Масъалаҳои мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ ва вазъият дар минтақа низ дар меҳвари музокирот қарор доштанд. 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj