Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Ёвари Дабири кулл ва Мудири бахши минтақавӣ барои Аврупо ва ИДМ Барномаи рушди СММ

10 ноябри соли 2017 дар ш.Самарқанд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ёвари Дабири кулл ва Мудири бахши минтақавӣ барои Аврупо ва ИДМ Барномаи рушди СММ Ҷиҳан Султоноғлу баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ баррасӣ шуданд. Инчунин ҷонибҳо доир ба тақвияти шарикӣ ҷиҳати татбиқи амалии барномаҳои дарозмуддати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои байналмилалии вобаста ба ҳадафҳои рушди устувор табодули назар карданд.  

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj