Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ

(ш.Пекин, 10 ноябри соли 2017)

Аз 7 то 10 ноябри соли 2017 дар ш. Пекин ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба сарҳади давлатӣ таҳти раисии Роҳбари қисми тоҷикистонии Комиссияи муштарак, Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод ва Роҳбари қисми хитоии Комиссияи муштарак, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба масъалаҳои сарҳадӣ ва корҳои баҳрӣ Чжоу Сзян доир гардид.

Тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Хитойро аз 5 июни соли 2012 баррасӣ карданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи Комиссияи муштарак Протокол ба имзо расид.

 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj