Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштирок дар Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

10 ноябри соли 2017 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини ширкат варзиданд.

Зимни ҷаласа иштирокчиён як қатор масъалаҳоро, аз ҷумла ҳамкории минтақавӣ ва амният, рушди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ, дурнамои муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо, инчунин дигар мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима намуданд. Вазирон бар аҳамияти идомаи ҳамкории кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати тақвияти зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ ва нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути татбиқи бомуваффақияти барномаҳои беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, таъмини болоравии устувори иқтисодӣ, мудирияти самараноки сарҳадот, рушди захираҳои инсонӣ тариқи таҳкими сифати таҳсилот, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва шуғли аҳолӣ таъкид намуданд.  

Дар фарҷоми Вохӯрӣ вазирон Баёнияи муштаракро қабул намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj