Тоҷикӣ | Русский | English  

Cомонаи расмии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба кор шурӯъ кард

Ба маълумот расонида мешавад, ки санаи 10 ноябри соли 2017 сомонаи расмии Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.consular.tj) ба кор шурӯъ намуд. Ин ибтикор бо мақсади иҷрои Барномаи миллии татбиқи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2017 роҳандозӣ шуда, ҷиҳати васеъ намудани доира ва низоми электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ, осон ва фаҳмо намудани пешниҳоди дархост барои шахсони муроҷиаткунанда ва муҳтоҷи иршоди консулӣ равона гардидааст.

Дар сомонаи мазкур тамоми маълумотҳои вобаста ба самти консулӣ бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дарҷ гашта, роҳнамои хубе ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошад.  

Сомонаи нав мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва бо тариқаи оммафаҳм таҳия гардида, дар он тамоми масъалаҳои марбут ба низомҳои раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон, апостилгузорӣ ва таъйиди ҳуҷҷатҳо, тартиби судури шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, дигар хизматрасониҳои хизматрасониҳои консулӣ ва инчунин маълумот дар бораи низоми раводидии давлатҳои хориҷӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj