Тоҷикӣ | Русский | English  

Таҷлили 25–солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистон

12 апрели соли 2018 дар шаҳри Кокшетауи вилояти Ақмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар бинои “Қасри дӯстии халқҳо” бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Акимати вилояти Ақмолаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва диаспораи тоҷик чорабинии тантанавӣ бахшида ба 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Муовини акими вилояти Ақмола А.Мусралимова, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ализода, зиёиёни вилояти Ақмола ва намояндагони диаспораи тоҷик иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ, Сафир оид ба фаъол гардидани муносибатҳои  мутақобилан судманди Тоҷикистону Қазоқистонро дар рӯҳияи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ, ки пеш аз ҳама бо саҳми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рушд меёбад, таъкид намуд. Сафарҳои мутақобилаи роҳбарони ду кишвари дӯст, ки мунтазам амалӣ мегарданд, заминаи устувор ва мусоидро барои рушди муносибатҳои дуҷониба фароҳам меорад.

Дар доираи чорабинии мазкур дар “Қасри дӯстии халқҳо” консерт бо иштироки гурӯҳи эҷодии халқҳо, ки дар минтақаи Ақмола зиндагӣ мекунанд, баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар чаҳорчӯбаи сафари кории Сафир ба шаҳри Кокшетау, мулоқоти ӯ бо Акими вилояти Ақмола Малик Мурзалинов баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавиро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва гуманитарӣ муҳокима намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ҷиҳати ташкили як қатор чорабиниҳо дар чаҳорчӯбаи соли рушди сайёҳӣ ва ҳунармандони мардумӣ зоҳир карда шуд.

Дар фарҷоми чорабиниҳои идона Сафир аз корхонаи «Новопэк», ки муассиси он Усмонов Миразиз тоҷики муқими Қазоқистон мебошад, дидан намуд. Корхонаи номбурда халтаҳои полипропилениро истеҳсол менамояд. Боиси зикр аст, ки М.Усмонов ҳамчунин дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корхона бунёд кардааст.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj