16 апрели соли ҷорӣ дар ҳошияи Ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ мулоқот намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, таъмини амният ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.