Тоҷикӣ | Русский | English  

Брифинги матбуотӣ дар Исломобод вобаста ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд « Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез»

Дар санаи 16-уми майи соли 2018 cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон брифинги матбуотиро дар Исломобод вобаста ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд « Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 дар ш. Душанбе гузашта буд,  доир намуд, ки дар он сафирони як қатор давлатҳо, рӯзноманигорони доираи васеи матбуоти рақамӣ ва чопии Покистон, таҳлилгарони сиёсии марказҳои тадқиқотии кишвари муқим ва инчунин намояндагони Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ширкат намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар Покистон Ҷононов Ш.С. роҷеъ ба баргузории ҳадафҳои баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд « Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар санаи 4-уми майи соли 2018 дар ш. Душанбе баргузор шуда буд, маълумот дода, мазмуни бандҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин конфронс ва муқаррароти «Эъломияи Душанбе»-ро ба самъи ҳозирин расонид.

Қайд карда шуд, ки Конфронси Душанбе ҳамчун заминаи муҳим ҷиҳати ҳамкории созанда, муколамаи самарабахш, маркази ҷалби таваҷҷуҳи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, ки аҳамияти таҳкими абзорҳои ҳамкории бисёрҷонибаро ҷонибдорӣ менамоянд, баромад намуда, ин ҳамоиш дар раванди таҳия ва пешбурди ташаббусҳои фарогир оид ба масъалаҳои мубрами таъмини амнияти минтақавию байналмилалӣ ва таҳкими сулҳ саҳми арзандае хоҳад гузошт.

Дар анҷоми брифинг сафири Тоҷикистон Ҷононов Ш.С. ба саволҳои гуногуни хабарнигорону таҳлилгарон ҷавоб дода, ба Телевизиони давлатии Покистон (Pakistan Television Corporation)  мусоҳибаи махсус анҷом дод.


   

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj