Тоҷикӣ | Русский | English  

11-умин Муколамаи зеҳнии “Осиёи Марказӣ ва Япония”

3 июли соли 2018 дар ш. Токио дар Вазорати корҳои хориҷии Япония Муколамаи зеҳнии “Осиёи Марказӣ ва Япония” - 11-умин Муколамаи Токио бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва донишмандону олимон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ профессорон ва коршиносони соҳаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония аз сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии Япония низ ширкат варзиданд.

Намояндагони кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” доир ба мавзӯи асосии рӯзнома чорабинӣ “Ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва назарҳои стратегӣ ба амнияти минтақавӣ” маърӯза намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чорабинӣ Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким А.Р. муаррифӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои ҳамкорӣ, ибрози пешниҳодҳо оид ба густариши робитаҳои мавҷуда ва равишҳои муштарак мутобиқ ба мавзӯи муколамаи мазкур, махсусан дар мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баромад намуд.

Дар охири чорабинӣ миёни иштирокчиён дар бораи тамоюл ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда дар доираи Муколамаи “Осиёи Марказӣ ва Япония” табодули андеша сурат гирифт.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj