Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрӣ бо Сафири Фаронса

12 июли соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронсаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамчунин табодули афкори созанда доир ба шарикии мутақобилан судманди ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барпо гардид.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj