Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея

5 октябри соли равон мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ҷаноби Юн Кан Хён баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Кореяро дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ техникӣ ва илмиро дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Таваҷҷуҳи хос ба фаъолияти Форуми Осиёи Марказӣ+Ҷумҳурии Корея зоҳир гардида, саҳми он дар раванди рушди муносибатҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи кореягиро ба иқтисоди Тоҷикистон ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро миёни ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор доданд. 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj