Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи тасаллияти Президент ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо

29 октиябри соли 2018  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии  Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷиавии суқути ҳавопаймо дар наздикии ҷазираи Яваи Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, моро хеле андуҳгин кард.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед».

 

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj