Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД

8 ноябри соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, дар арафаи Иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор гашт, ки дар кори он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласаи муштарак  ҷонибҳо нисбат ба доираи васеи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳамкории давлатҳои аъзои СААД дар сиғаи Созмон ва арсаи байналмилалӣ, муқовимат ба терроризми байналмиллалӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи давлатҳои аъзои СААД мубодилаи афкор намуданд.

Зимни суханронии худ Вазири корҳои хориҷӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба масъалаҳои Рӯзномаи ҷаласа иброз намуда, вазъи мушкили амниятии имрӯзаро дар қаламрави Афғонистон ва зарурати мустаҳкам намудани сарҳади ҷанубии Созмонро бахусус таъкид намуд.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj