Тоҷикӣ | Русский | English  

Муаррифии лоиҳаи қатъномаи Бознигарии миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, 2018-2028

Имрӯз зимни ҷаласаи Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи ҳайати Тоҷикистон таҳти унвони “Бознигарии фарогири миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, 2018-2028” муаррифӣ карда шуд.

Қатъномаи мазкур дар доираи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шуда, он аз ҷониби Намояндаи доимии кишвар дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов, аз номи 148 кишвари ҳаммуаллифи қатънома муаррифӣ гардид.

Яке аз ҳадафҳои муҳими қатъномаи мазкур баргузории Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор, 2018-2028 (22-24 марти 2023, ш. Ню-Йорк) маҳсуб меёбад. Дар фарҷоми суханронии хеш М. Маҳмадаминов аз кишварҳои аъзои СММ ҷиҳати пуштибонӣ аз лоиҳаи қатъномаи мазкур даъват ба амал овард.

© 2018 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2018 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj