Ҷумҳурии Арабии Миср истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 1-уми январи соли 1992 ба расмият шинохт. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср 1-уми апрели соли 1993 роҳандозӣ шудаанд.
Аз 6-уми майи соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Мирзозода Парвиз Муродалӣ аст.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Арабии Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд Тамер Фатҳи Абдуссалом мебошад.
Нахустин вохӯрии сатҳи олӣ миёни сарони ду давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Ҳуснӣ Муборак декабри соли 1994 дар ҳошияи 7-умин ҳамоиши Сарони давлатҳои узви Созмони Конфронси Исломӣ дар шаҳри Дорулбайзои Подшоҳии Марокаш доир гардид.
Сафарҳои расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлӣ Раҳмон ба Миср моҳи феврали 2007, 9-11 марти соли 2022 ва сафари корӣ барои иштирок дар 27-умин конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP27) 7-8 ноябри соли 2022 баргузор гардиданд, ки дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар нақши муҳим бозиданд.
Илова бар ин, соли 2017 миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ду мулоқоти судманд баргузор гардид: яке 20-уми май дар шаҳри Риёз дар ҳошияи Иҷлоси сарони кишварҳои арабию мусулмонӣ бо ИМА ва дигаре 5 сентябр дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС.
27 - 28-уми январи соли 2026 дар шаҳри Қоҳира даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Миср ва машваратҳои консулӣ баргузор шуданд.
Соли 2007 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Миср Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмии миёни ду кишвар таъсис дода шуд. Нишасти сеюми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ 3 – 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар сатҳи вазирон баргузор гардид. Дар ҳошияи он 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳамчунин Форуми соҳибкорони ду кишвар барпо шуд.
Муносибатҳои дуҷонибаро 22 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба танзим медарорад.
20.02.2026