6 марти соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин роҳандозӣ шудаанд.
Аз октябри соли 2024 то кунун сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Зайналдин (бо иқоматгоҳ дар Тошканд) мебошад. 31 январи соли 2025 Сафири нави Фаластин дар Тоҷикистон эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
То кунун се даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Фаластин (29 марти 2017, 23-24 апрели 2018, 29 августи 2023) баргузор гардидаанд.
26 июли соли 2018 вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ зимни сафараш ба Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва 27 июли 2018 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода мулоқот кард.
12 августи соли 2022 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҳайати фаластиниро таҳти роҳбарии директори генералии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ ба ҳузур пазируфт.
29 августи соли 2023 вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад. Ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба ҳузур пазируфтанд.
Сипас мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин, инчунин даври сеюми машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар сатҳи вазирон доир шуд. Дар поён се санади нави ҳамкорӣ байн ду кишвар ба имзо расид. Ҳамчунин зимни ин сафар Сафорати Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазирони корҳои хориҷии ҳарду кишвар ва корпуси дипломатии муқими Душанбе расман кушода шуд.
20.02.2026