Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10.09.2025 17:25

BINO-VKKH.jpg

Ҷумҳурии Тоҷикистон зарбаҳои мушакиро ба шаҳри Давҳа, ки 9 сентябр ба вуқуъ пайваст ҳамчун таҷовуз ба тамомияти арзии Давлати Қатар арзёбӣ намуда, онро қотеона маҳкум мекунад. Ин амал нақзи возеҳи қонуни байналмилалӣ ва унсурҳои бунёдии Оинномаи СММ мебошад, ки ташаннуҷи вазъи бе ин ҳам мураккаби минтақаи Ховари Миёнаро афзоиш медиҳад.

Тоҷикистон ҳамеша истифодаи роҳҳои дипломатӣ ва гуфтушунидро ҳамчун абзори муассир барои ҳалли баҳсҳо ва низоъҳо ҷонибдорӣ мекунад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим