Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

03.12.2025 17:46

BINO-VKKH.jpg

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишори маълумоти паҳннамудаи Агентии иттилооти “Reuters”-ро доир ба гӯё музокироти идомаёбанда миёни Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар мавриди ҷалби низомиёни Русия оид ба посбонии муштарак (гаштзанӣ)-и марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон рад мекунад.  

Вазорат таъкид менамояд, ки хабари мазкур ба воқеият мувофиқат надорад ва паҳн кардани чунин маълумоти бардурӯғ боиси фиреб додани аудиторияи байналмилалӣ хоҳад шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои заруриро, ки баҳри таҳкими боэътимоди сарҳади давлатӣ нигаронида шудаанд, амалӣ менамояд.

Вазъият дар сарҳади давлатӣ муътадил боқӣ монда, таҳти назорати пурраи мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим