Ҷаласаи Гурӯҳи кории махсус вобаста ба татбиқи қатъномаи МУ СММ дар бораи “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосферӣ, 2025-2034” дар ЮНЕСКО

11.12.2025 10:36

9 декабри соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО ҷаласаи дурӯзаи Гурӯҳи кории махсус вобаста ба татбиқи қатъномаи МУ СММ дар бораи “Даҳсолаи амал оид ба илмҳои  криосферӣ, 2025-2034” оғоз шуд.

Дар рафти ҷаласа ба нақши пешбарандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба обу иқлим ишора шуда, аҳамияти татбиқи қатъномаи номбурда мубрам ва саривақтӣ арзёбӣ гардид.

Намояндаи Тоҷикистон оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028, ки моҳи майи соли 2026 дар ш.Душанбе баргузор хоҳад шуд, иттилоъ дод, ки пойгоҳи он барои таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлим, инчунин илмҳои криосферӣ муҳим мебошад.  

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим