Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.12.2025 12:42

BINO-VKKH.jpg

Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамлаи хусумати миллидошта ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Қобилҷон, хонандаи синфи чоруми мактаби миёнаи Успенскии шаҳраки Горки 2-и минтақаи шаҳрии Одинтсовскии вилояти Москваро, ки 16 декабри соли 2025 дар дохили бинои мактаб рух дод ва дар натиҷаи он шаҳрванди мазкур ба таври фоҷиавӣ ба қатл расонида шуд, қатъиян маҳкум менамояд.

Вазорат бо андӯҳи амиқ ба аҳли оила ва пайвандони шаҳрванди ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори таслият ва ҳамдардӣ  менамояд.

Дар робита ба чунин вазъ, сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Григорев ба Вазорати корҳои хориҷӣ эҳзор гардида, ба ӯ ёддошт бо талаби аз ҷониби Русия фавран, воқеъбинона ва беғаразона гузаронидани тафтишоти ин ҳодисаи фоҷеабор ва ба ҷавобгарии қатъии қонунӣ кашидани ҳамаи ашхоси дар он дастошта, супорида шуд.

Ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷиҳати мунтазам дар тамос будан бо пайвандони марҳум, инчунин, зери назорат гирифтани масъалаи мазкур дастур дода шудааст.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим