Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Арабистони Саудӣ

30.12.2025 13:43

30 декабри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири фавқулодда ва мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдонро бинобар ба анҷом расидани муҳлати фаъолияти дипломатиаш ба ҳузур  пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми дидор вазир ба сафири Арабистони Саудӣ барои саҳмаш дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият таманно кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим