Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафири Чинро ба ҳузур пазируфт

02.01.2026 18:29

15.08.2025.11.40.jpg

31 декабри соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Ҷитсзюн баргузор гардид, ки дар рафти он натиҷаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар соли равон ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо дар соли 2026 баррасӣ гардиданд. 

Тамаркузи асосӣ ба татбиқи амалии мувофиқатҳое, ки дар рафти вохӯриҳои роҳбарони Тоҷикистон ва Чин ба даст омадаанд, инчунин натиҷаҳои ҷаласаи нахустини Муколамаи стратегӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (22 ноябри соли 2025 дар ш. Душанбе), карда шуд.

Тарафҳо оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд. 

Дар рафти мулоқот ҷониби Тоҷикистон дар бораи пуштибонии қотеъи хеш аз принсипи  «Чини ягона», истиқлолият ва тамомияти арзии он изҳор намуд. 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим