
8 январи соли 2026 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқизода Завқӣ бо сенатори амрикоӣ, узви кумитаҳои Сенати ИМА доир ба робитаҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои табиӣ, инчунин ҳамраиси гурӯҳи (кокус) муштараки Сенат оид ба Осиёи Марказӣ Стив Дейнс доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка, бахусус тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ байни Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳокима гардиданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan