Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо намояндаи FAO дар Тоҷикистон

16.01.2026 08:42

16 январи соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (UN FAO) дар Тоҷикистон, Агаси Арутюнянро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни дидор ҳамсуҳбатон перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва “UN FAO” табодули афкор намуда, масъалаҳои марбут ба лоиҳаҳои созмон дар Тоҷикистон татбиқшаванда ва чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ карданд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим