
16 январи cоли 2026 мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, бо муовини Дабири кулли СММ, намояндаи олии Гурӯҳи кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва кишварҳои хурди ҷазиравии рӯ ба тараққӣ (LLDC) хонум Рабаб Фатима баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба аҳаммияти ҳамбастагӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозӣ байни кишварҳои LLDC дар заминаи ислоҳот дар доираи Ташаббуси СММ-80, бо таваҷҷуҳ ба татбиқи Барномаи амали Аваза табодули назар намуданд. Ҳамзамон, зимни муҳокимаи нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар платформаҳои сиёсии ҷаҳонӣ, инчунин аҳаммияти афзояндаи масъалаҳои марбут ба пиряхҳо ва захираҳои об низ зикр гардид.
Дар фарҷоми мулоқот, намояндаи доимӣ даъватномаи расмиро барои иштирок дар 4-умин Конфронси оби Душанбе (25 то 28 майи соли 2026) ба муовини Дабири кулли СММ таҳвил дод.
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan