
27 январи соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо оид ба вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, инчунин татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиву иҷтимоӣ табодули афкор намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар ҳошияи Форуми ҳамкории “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan