Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия

29.01.2026 09:58

29.01.2026.17.08.jpg

28 январи соли 2026 сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Нуман Куртулмуш мулоқот анҷом дод.

Зимни дидор ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои байнипарлумонии ҷойдошта миёни Тоҷикистон ва Туркия изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати густариши робитаҳои гуногунҷабҳа, ба вежа дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин баргузории ҷаласаҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои кории байнисоҳавиро таъкид намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим