11 феврали соли 2026 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон Йоҳанн Вадефул дар шаҳри Берлин баргузор шуд.
Аснои гуфтугӯ маҷмӯи васеи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва илмию фарҳангӣ, инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазирони корҳои хориҷӣ ба тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа ва густариши муносибатҳо бо истифода аз абзорҳои мавҷудаи ҳамкориҳо тамаркуз намуда, барои татбиқи иқдомҳои муштараки баъдӣ изҳори мувофиқат карданд.
Аксҳо аз https://www.photothek.de/
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan