Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

16.02.2026 15:15

16 феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.

Дар доираи сафар музокирот дар қолабҳои маҳдуд ва васеъ баргузор шуда, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро муфассал баррасӣ намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, инчунин, тақвияти робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ зоҳир гардид.

Ҳамчунин дурнамои таъмиқи ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва амният мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Миёни ҳамсӯҳбатон роҷеъ ба мавзӯъҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо бо тамаркуз ба сатҳи баланди ҳусни тафоҳум миёни ду кишвар, идомаи ҳамоҳангсозии иқдомҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро таъкид карданд.

Вазирон азми ҷонибҳо барои доир кардани машваратҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар, ҳамчунин фаъолсозии механизмҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравиро тасдиқ намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ маросими баимзорасонии Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2026–2028 баргузор шуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим