28 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе даври сеюми машваратҳои сиёсии байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Салтанати Умон баргузор гардид.
Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳомиддин Шарифзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон оид ба корҳои сиёсӣ Шайх Халифа Ал-Ҳорисӣ роҳбарӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои
сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту логистика, сайёҳӣ, маорифу фарҳанг ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои байналмилалию минтақавӣ ва таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи муколамаи мунтазам ва татбиқи иқдомҳои муштарак ҷиҳати рушди муносибатҳои Тоҷикистону Умон таъкид намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk