Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Гурӯҳи дӯстиву ҳамкории байнипарлумонии Ҷопон ва Тоҷикистон

26.06.2014 09:33

26 июни соли 2014 дар Токио мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Гурӯҳи дӯстиву ҳамкории байнипарлумонии Ҷопон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо аз ҳолат ва рушди бемайлони ҳамкории байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар рафти мулоқот инчунин рағбати ҷонибҳо ҷиҳати таҳким ва густариши минбаъдаи муносибатҳои  дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон таъкид гардид.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Гурӯҳи дӯстиву ҳамкории байнипарлумонии Япония ва Тоҷикистон

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим