22 марти соли 2015 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул барои ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар шаҳри Истамбул Иди Наврӯзи хуҷастапай ҷашн гирифта шуд.
Дар оғози ҷашн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарифов ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Истамбул Илҳом Абдураҳмонов суханронӣ намуда, ҳамватанон ва иштирокчиёни ҷашнро ба муносибати фарорасии фасли баҳор ва эҳёи табиат - Иди байналмилалии Наврӯз самимона табрику муборакбод гуфтанд. Оинҳои наврӯзӣ ва анъанаҳои миллӣ қайд карда шуда, иброз гардид, ки Наврӯз мардумро ба поксозии қалбҳо, таҳкими дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ ҳидоят менамояд.
Дар ҷашни Наврӯзӣ дастурхони идонаи «Ҳафтсину Ҳафтшин» ороста шуда, таҳти садои суруду мусиқиҳои миллӣ, намунаи асарҳои ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, китобҳо оид ба таърих ва фарҳанги мардуми Тоҷикистон ба манзури иштирокчиён пешкаш гардид.

