Наврӯз дар Қоҳира

24.03.2015 08:33

Донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳҳои Миср таҳсил мекунанд, Наврӯзи хуҷастапайро бо мусобиқаи футбол ҷашн гирифтанд. Дар мусобиқаи мазкур даҳ даста ширкат намуда, ба ғолибон ва ширкаткунандагони он аз ҷониби намояндагони Сафорати кишвари мо дар Қоҳира ба сифати баргузоркунандагони мусобиқа туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Ҳамоиши идонаи шаҳрвандони тоҷик бо дастархони рангоранги наврӯзӣ ҳусни хотима ёфт.

Мусобиқаи мазкури футбол ба муносибати Наврӯзи оламафрӯз дар яке аз варзишгоҳҳои пойтахти Миср 21 марти 2015 баргузор шуд.

Наврӯз дар Қоҳира

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим