Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини аввали вазири молияи Кувайт

25.03.2015 08:54

23 марти соли 2015 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо Муовини аввали вазири молия ва Раиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ Халифа Мусоид ал-Ҳамода баргузор гардид.  

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолат ва рушди ҳакориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт табодул назар карданд. Халифа Мусоид ал-Ҳамода барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникии байни ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуда, барои сармоягузории лоиҳаҳои мухталиф дар Тоҷикистон омодагии ҷониби Кувайтиро иброз намуд.  

Ҷаласаи нахустини Комиссияи муштарак  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Интизор меравад, ки ҷаласаи дуюми Комиссияи муштарак дар нимаи дуюми соли ҷорӣ дар Давлати Кувайт гузаронида мешавад.

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим