Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона

27.03.2015 05:11

25 марти соли 2015 дар Қароргоҳи СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷдини Аслов бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона хонум Валери Амос доир шуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои татбиқи барномаҳои Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти башардӯстона дар Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои тадорукотии Саммити башардӯстона, ки соли оянда дар Истамбул доир мегардад, муҳокима шуданд.

Илова бар ин Муовини Дабири кулл бо раванди тадорукотии Конфронси байналмилалии сатҳи баданд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, шиносонида шуда, аз мавсуф ҷиҳати ширкат дар он чорабинӣ даъват ба амал оварда шуд.

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии бо Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои башардӯстона

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим