Бино бар шиддат гирифтани вазъи сиёсию ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Яман масъалаи таъмини амнияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Яман ва баровардани онҳо аз қаламрави ин кишвар мавриди таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми намояндагиҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои араб, аз ҷумла дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Мисри Араб вазифадор шудаанд, ки бо истифода аз имкониятҳои дастрас барои таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Яман ва баровардани онҳо аз ин кишвар чораҳои зарурӣ андешанд ва бо ниҳодҳои дахлдори кишварҳои мазкур ҳамкории лозимаро анҷом диҳанд.
Дар робита ба масъалаи мазкур бо ҷониби Россия низ, ки аксари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарордод бо ширкатҳои ин кишвар дар минтақаҳои мухталифи Яман қарор доранд, ҳамкорӣ ва тамосҳои лозим идома доранд.