Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз дар Осорхонаи этнологии шаҳри Берлин ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳи хосса таҷлил намуд.
Бахшида ба ин рӯз, дар Осорхонаи мазкур намоишгоҳи махсуси “Наврӯзи Тоҷикистон” бо хӯрокҳои миллӣ, маводи таблиғотӣ оид ба рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, таъриху фарҳанг, имкониятҳои саёҳатӣ ва дигар маводи ҷолиби диққат ташкил карда шуд. Бо ибтикори Сафорат дар Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҳамчунин консерти сарояндаи ҷавони эстрадаи тоҷик, Меҳринигори Рустам дар толори осорхона баргузор гардид. Зиёда аз ҳазор нафар шаҳрвандони Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо, аз ҷумла намояндагони парлумон, вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ашхоси расмии кишвари иқомат дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд.
Ҳамчунин ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ибтикори Сафорат дар ҳамкорӣ бо Консули ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Ҳамбург бо иштироки доираҳои сиёсию ҷамъиятии ин музофот, соҳибкорон, консулҳои генералии кишварҳои хориҷӣ, аҳли илму адаби музофоти Ҳамбург ва инчунин шаҳрвандону донишҷуёни тоҷикистонӣ чорабинии наврӯзӣ гузаронида шуд. Толор бо шиорҳои наврӯзӣ ба забони тоҷикӣ, хӯрокҳои миллӣ ва намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ороста шуда буд.
