Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари кӯҳсор дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дорои зиёда аз 9 миллион аҳолӣ мебошад ва 93% ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин кӯҳҳо ба қаторкӯҳҳои баландтарин мансубанд. Нуқтаи пасттарини кишвар 300 метр ва нуқтаи баландтаринаш 7495 метр аз сатҳи баҳр боло ҷойгир аст.
Аз лиҳози ҷуғрофӣ, Тоҷикистон ба се минтақа ҷудо мешавад: вилояти Хатлон, ки дар қисмати ҷанубию ғарбии кишвар ҷойгир аст; Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи кишвар, ки ба он қаторкӯҳҳои Помир низ шомиланд ва вилояти Суғд дар қисми шимолии кишвар. Дар қисми шимолии Тоҷикистон водии Фарғона, дар қисми шимолию ғарбӣ ва марказии он қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор ва Олой, дар қисми ҷанубию шарқии кишвар Помир (яке аз нуқтаҳои баландтарини ҷаҳон - қуллаи Исмоил Сомонӣ баландиаш - 7495 метр) дар қисми ҷанубию ғарбӣ ҳамворӣ – водиҳои Вахш ва Ҳисор ҷойгиранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷануб бо Афғонистон, дар шарқ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, дар шимолу-шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва дар шимол ва ғарб бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад ва бо ҳар як кишвари ҳамсарҳад ҳамкориҳои сарҳадӣ ва ҳудудиро амалӣ мекунад.
Дарозии умумии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4187,6 км-ро ташкил медиҳад (2898,6 км - хушкӣ, 1289,3 км - обӣ).
Дар сарҳади давлатии Тоҷикистон 34 гузаргоҳҳои сарҳадӣ амалӣ мекунанд, ки аз онҳо 24 – автомобилгард, 5 – авиатсионӣ, 4 – роҳи оҳан ва 1 – обӣ мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои гуногуни соҳаи сарҳадӣ бо СММ, Иттиҳоди Афрупо, Агентии ҳамкории байналмилалии Япония, Идораи СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон ва дигар ташкилоту донорҳо ҳамкории зич дорад.
Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон
Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Халқии Хитой
Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон
Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи сарҳадӣ