Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 декабри соли 2006 № 593
тасдиқ шудааст
Низомномаи
Вазорати корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.
2. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳбарӣ мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
3. Ба низоми Вазорат намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва минтақавӣ) (минбаъд муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон), намояндагиҳо ва ташкилотҳои тобеи Вазорат, ки дар ҳудуди кишвар бо мақсади таъмини фаъолияти Вазорат таъсис дода шудаанд, инчунин муассисаҳои таълимии тобеи Вазорат дохил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкори бо мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
5. Вазорат дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зайлро анҷом медиҳад:
- таҳияи стратегияи умумии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва пешкаш намудани пешниҳодҳои мувофиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амали намудани самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат баҳри баланд гардидани нуфузу обрўи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорат ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти байналмилалии дигар мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таъмини самти ягонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
- ҳамкорӣ дар ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти иҷроия бо мақомоти қонунгузор ва судӣ ба мақсади риоя намудани принсипи ягонагии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистои ва таъмиии иҷрои ўҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати иштироки ин мақомот ва шахсони мансабдори онҳо дар фаъолияти байналмилалӣ;
- бо роҳҳои дипломатӣ таъмин намудани ҳимояи истиқлолият, амният, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳад, манфиатҳои иқтисодиву дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;
- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;
- таъмин намудани муносибатҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва робитаҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
- роҳбарӣ намудани фаъолияти муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва ташкилотҳои тобеи вазорат (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- назорати рафти иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муносибатҳои байналмилалӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- ҷамъбаст ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ;
- баррасии масъалахо оид ба вазъи хуқукии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- роҳнамоии мақомоти марказии матбуот, радио ва телсвизион, қонунигардонии фаъолияти воситаҳои ахбори умуми давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор иамудани нишастҳои матбуотӣ ва амалӣ гардонидани дигар тадбирҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ ба мақсади огоҳ намудани онҳо оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат ба рушди робитаҳо ва муносибат бо ҳамватаноне, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
6. Вазорат мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш вогузошташуда, ваколатҳои зеринро ба амал мебарорад:
- Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва ташқилотҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
- барои баланд гардидани саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ мусоидат менамояд;
- консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мегардонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба масъалаҳои робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар асоси таҳлили ахбороти вобаста ба маҷмўи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва масъалаҳои байналмилалӣ пешниҳодҳо омода ва манзур менамояд;
- лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумхурии Тоҷикистонро таҳия менамояд, оид ба бастан, иҷро намудан, қатъ намудан ва боздоштани амали шартномаҳо таклифҳо омода намуда, ба тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтушунидҳо анҷом медиҳад;
- ҷиҳати иҷрои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати умумӣ бурда, дар тайёр намудани таклифҳо оид ба мувофиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ўхдадориҳои байналмилалӣ иштирок менамояд;
- дар таҳияи сиёсат ва чорабиниҳои мушаххас оид ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикисгон, мудофиа ва амният, ҳамчутшы густараши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва молиявӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва дигар шаклҳои алоқаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок менамояд;
- иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амиият ва Ҳамкорӣ дар Европа, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, конференсияҳо, форумҳо таъмин намуда, ба баланд бардоштани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон, хамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таъмин менамояд;
- барои фаъолияти дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои тобеи Вазорат, шароити зарурӣ фароҳам меорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- бо тартиби мукарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ташкилӣ, молиявӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба фаъолияти он алоқаманд аст, пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия барои паҳн намудани ахбороти расмӣ оид ба масъалаҳои самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти нашри санаҳои боздиди роҳбарони давлат ба хориҷи кишвар ва роҳбарияти давлатҳои хориҷию созмонҳои байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар хусуси инъикоси ҷараёни боздидҳо розигӣ медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- таъминоти ҳуқуқи ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воситаҳои ахбори умуми давлатҳои ҳориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- барои паҳн намудани ахборот дар хориҷи кишвар оид ба сиёсати хориҷӣ ва дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии кишвар мусоидат менамояд;
- дар таъмини маросими ташрифотӣ ҳангоми мубодилаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ ва баланд иштирок мекунад, ҳамчунин аз болои иҷрои имтиёз ва масуниятҳои дипломатӣ ва консулӣ назорат мебарад;
- ба амалӣ намудани робитаҳои байнипарламентӣ ва дигар робитаҳои хориҷии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
- ташкилотҳои дар хориҷабударо оид ба масъалаи сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ огоҳ месозад;
- фаъолияти низоми ягонаи давлатии сабт ва баҳисобгирии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
- нигоҳдории доимии нусхаҳои аслӣ (нусхаҳои тасдиқшуда, тарҷумаи расмӣ)-и шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи бойгонии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷиқистон, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои дар он мавҷудбударо таъмин менамояд;
- дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо кадрҳо таъмин намуда, тайёр намудан, такмил додан ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисос ва савияи кадрҳои хизмати дипломатиро ташкил менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар фаъолияти консулиро ташкил менамояд, бо тартиби муқарраргардида хизматрасонии консулӣ, ахборотӣ-машваратӣ ва дигар намуди хизматрасониҳоро анҷом медиҳад;
- дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳимояи ҳукуқ ва манфиатҳои ҳамватанонеро, ки берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, таъмин менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои шиноснсшавӣ-раводидиро ба расмият медарорад;
- бо тартиби муқараргардида имзоҳои шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳуҷҷатҳое, ки барои фиристодан ба хориҷи кишвар муайян шудаанд, тасдиқ менамояд ва таъйид намудани ҳуҷҷатҳои хориҷиро ба амал мебарорад;
- ба ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамуда апостил мегузорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.11.2015 № 698);
- алоқаи қосидӣ - дииломатиро бо истифодаи воситаҳо оид ба ҳифзи почтаи дипломатӣ ҳангоми ҳамлу нақли он таъмин менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ дар баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ иштирок менамояд;
- бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии давлатҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
- бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии мақаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ менамояд;
- аз рафти риояи Ташрифоти давлати аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебарад;
- дар кори комиссияи байниҳукуматӣ, ки ба ўҳдаи он ҳалли масъалаҳои ба салоҳияти Вазорат дахлдор вогузор шудааст, иштирок менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ бо мувофиқаи мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия оид ба таъмини амыият ва ҳимояи муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандон ва аъзои оилаи онҳо чораҳо меандешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- дар ҳолатҳои фавқулодда дар кишвари иқомат бо тартиби муқарраргардида бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроия оид ба қисман ё комилан берун овардани муассисахои хориҷӣ, кормандони он, мутахассисон ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- дар доираи салоҳияти худ дастурамалҳо ва қоидаҳои оид ба маҷмўи масъалаҳои муносибатҳои хориҷӣ, ки риояи онҳо аз ҷониби тамоми вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад, қабул менамояд ва ҳамчунин иҷрои онҳоро тафтиш менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ тартиби батанзимдарории муносибатҳои меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷкистонро бо намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалии ба онҳо баробаркардашуда, инчунин дигар намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъднамояндагиҳои хориҷӣ) муқаррар мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- дар доираи салоҳияти худ амнияти корҳои рамзикунонӣ ва алоқа, ҳамчунин тартиби махфиро дар Вазорат ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил, амалӣ ва таъмин менамояд;
- ба таъмини шароити корӣ, манзилӣ, фарҳангӣ-иҷтимоии кормандони Вазорат мусоидат менамояд;
- мактубҳо (ариза ва шикоятҳо)-и шаҳрвандонро баррасӣ намуда, ҳалли саривақти ва беғаразонаи масъалаҳои дар онҳо зикргардидаро, ки ба фаъолияти Вазорат марбут мебошанд, назорат мебарад;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, иҷро менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
7. Вазорат барои татбиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошта, ҳуқуқ дорад:
- бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳудидораи маҳаллӣ, инчунин аз ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравиашон ҳуҷҷатҳо, маълумотномаҳо ва дигар маводи лозимаро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат, гирад;
- бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти мазкур ва ташкилотҳо иттилоот пешниҳод намояд;
- мукотибаи дипломатӣ (ҳамчунин ирсол намудани меморандумҳо, номаҳои ёддошт ва ғ.)-ро бо сафоратҳо, намояндагиҳо ва консулгариҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ монад. Дигар вазорату идораҳо бо риояи муқаррароти ин банд тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи мубодилаи номаҳо метавонанд мукотиба намоянд;
- оид ба мувофиқ будани лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мушоҳида гузаронад;
- бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳия намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва хизмати дипломатӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки боиси риоя нагардидани припсипи ягонагии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷро нагардидани ўҳдадории байнамилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё вайрон кардани тартиби муқарраршуда нисбат ба нақши ҳамоҳангсози Вазорат дар таъмини самти ягонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, гузориш диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- дар ҳолате, ки фаъолияти намояндагони (намояндагиҳои) мақомоти ҳокимияти иҷроия, муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва корхонаҳо дар хориҷи кишвар ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунад, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мувофиқ пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои оид ба таъсис, аз нав ташкил кардан, барҳам додани ташкилотҳои тобеи Вазорат, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони онҳоро ҳал намояд;
- маблағҳоеро, ки аз намудҳои фаъолияти иҷозатдодашуда бо тартиби муқараргардида, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ба даст меорад, истифода барад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- аз дигар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии онҳо, маълумот, ахбор ва маводи вобаста ба ҳалли масъалаҳои марбут ба ваколати Вазоратро талаб намояд;
- дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои илмию тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марбут ба сиёсати хориҷӣ тадқиқотҳо гузаронад;
- барои маблағгузории рушди заминаи модди-техникии Вазорат ва ҳамчунин барои эҳтиёҷоти иҷтимоии коргарони он, бо розигии Ҳукумати Ҷумқурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида воситаҳои ғайрибуҷетӣ, ки аз расонидани хизматҳои консулӣ ва дигар наамуд хизматрасониҳо ба даст меоянд, истифода барад.
8. Вазорат дар бораи таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандон бо тартиби муқарраршуда ба сохторҳои дахлдор пешниҳод манзур менамояд, таъминоти моддию техникии муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои Вазорат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад, дар бобати амалӣ намудани сохтмони асосӣ ва таъмири биноҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тадбирҳо меандешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
Бо тартиби муқарраргардида тедерҳо мегузаронад ва шартномаҳои давлатиро барои расонидани мол, иҷрои кор ва хизматрасони барои эҳтиёҷоти Вазорат, инчунин гузаронидани корҳои илмиву-тадқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ мебандад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
9. Ваколати ихтиёрдори асосӣ ва қабулкунандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои нигаҳдории Вазорат ва иҷро намудани ваколатҳои ба Вазорат вогузоршуда пешбинӣ шудаанд, амалӣ мегардонад.
10. Вазорат дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумотеро, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, таъмин мекунад.
11. Вазорат дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки барои иҷрои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳатмӣ мебошанд, қабул кунад.
12. Вазорат ҳукуқ надорад функсияҳои назорат ва идораи амволи давлатиро ба истиснои ҳолатҳое, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, анҷом диҳад.
Ҳангоми танзими ҳуқуқии фаъолият Вазорат ҳуқуқ надорад вазифаҳо ва ваколатҳоеро муқаррар намояд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ накардаанд, инчунин ҳуқуқ надорад нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
III. Ташкили фаъолият
13. Вазоратро Вазир роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати, хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
Вазир муовинон, аз ҷумла муовини якум дорад, ки онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазир ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
Шумораи муовиионро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
14. Воҳидҳои сохтории Вазорат аз сарраёсатҳо ва раёсатҳои марзӣ, соҳавӣ ва маъмурӣ иборат мебошанд. Дар таркиби сарраёсатҳо раёсату шўъбаҳо ва дар таркиби раёсатҳои мустақил мумкин аст шўъбаҳо ташкил карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2014 № 123).
15. Вазир:
- ба фаъолияти Вазорат роҳбарӣ намуда, низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ менамояд, салоҳияти шахсони мансабдори Вазоратро муайян менамояд;
- фармоишҳо ва дастурамал қабул намуда, оид ба масъалаҳои фаъолияти дастгоҳи марказии Вазорат, муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани сафирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати хориҷӣ ва намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва минтақавӣ), дар бораи таъин ва ё озод намудани роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуфтушунидҳо таклифҳо пешниҳод менамояд;
- Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисерҷониба намояндагӣ намуда, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалиро имзо менамояд;
- эътиборномаҳои таъин ва бозхостани Сафирҳо ва Фиристодаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар, тасдиқномаҳои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйид намуда, ваколатномаҳо барои имзои шартномаҳо ва иштироки намояндаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷлосияҳои Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, конферснсияҳои байналмилалӣ ва гуфтушунидҳо тасдиқ ва имзо мекунад, ваколатномаи Кордори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва патентҳои консулиро имзо мекунад;
- намояндагони дипломатие, ки нияти супоридани эътиборномаҳоро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, ҳамчунин ваколатномаи Кордорҳоро қабул мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- бо мувофиқаи идораҳои дахлдор доираи фаъолияти ҳавзаҳои консулӣ, консулҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва консулони хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ба консулҳои хориҷӣ экзекватура медиҳад;
- Вазоратро дар робитаҳои байниҳамдигарӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатии давлатҳои хориҷӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ намояндагӣ мекунад;
- Рўйхати штати муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи фонди муқарраргардидаи музди меҳнат ва шумораи кормандон, иичунин сметаи хароҷоти нигоҳдори муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои аз буҷет ҷудонамуда барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- дар доираи ваколати худ кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар кормандони дар системаи Вазорат бударо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида кормандонро ба мукофотҳои давлати ва унвонҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад, мукофотҳои идоравиро тасдиқ ва инъом мекунад, дигар намудҳои ҳавасамандкуниро амалӣ мегардонад;
- бо тартиби муқарраргардида рутбаҳои дипломатӣ аз атташе то мушовири дараҷаи 1 медиҳад, ҳамчунин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси додани рутбаҳои дииломатии Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаи III пешниҳод ирсол менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657);
- дигар ҳуқуқҳоро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонад.
16. Дар ҳолати набудани Вазир вазифаҳои онро муовини якум ё бо супориши Вазир яке аз муовинҳои Вазир иҷро мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
17. Дар Вазорат ҳайати мушовара дар ҳайати 7 нафар ташкил карда мешавад, ки ба он Вазир (раиси ҳайати мушовара), муовинони ў (аз рўи вазифа), инчунин дигар роҳбарони сохтории Вазорат дохил мегарданд.
Шумора ва ҳайати мушовараи Вазорат, ба истиснои онҳое, ки аз рўи вазифа ба ҳайати он дохил мешаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Ҳайати мушовара масъалаҳои муҳими вобаста ба фаъолияти Вазоратро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул мекунад.
Қарорҳои ҳайати мушовара бо овозҳои аксарияти аъзои он дар шакли қарор кабул гардида, бо фармоиши вазир тасдиқ карда мешаванд. Дар ҳолати ихтилоф байни Вазир ва ҳайати мушовара, Вазир қарори худро дар амал татбиқ намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
18. Ба мақсади таҳия намудани пешниҳодҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорат метавонад шўроҳои илмӣ-машваратӣ, методӣ ва экспертӣ таъсис диҳад.
Ҳайати шўроҳо ва низомономаҳои онҳоро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Масьалаҳои ташкилию техникии фаъолияти шўроҳои зикршударо дастгоҳи марказии Вазорат амалӣ менамояд.
19. Вазорат бо тартиби муқарраргардида маҷалла, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои чопӣ оид ба масъалаҳои ба он дахлдорро ба нашр мерасонад.
20. Маблағгузории хароҷотҳои дастгоҳи марказии Вазорат ва сохторҳое, ки ба Нақшаи идоракунии Вазорат шомиланд ба пули миллӣ ва асъори хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои махсус ва ҳисоби хоҷагидори пешбини шудаанд, амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
21. Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунии он, шумораи воҳидҳои корӣ ва фонди музди меҳнати дастгоҳи марказиии Вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
22. Вазорат дорои амволе мебошад, ки ба он ҳуқуқи идораи оперативӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.
22(1). Тартиби фаъолият ва дигар масъалаҳо вобаста ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2019 № 657).
23. Бо тартиби муқарраргардида Вазорат корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои барои фаъолияташ зарурро таъсис дода метавонад.
24. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мўҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, мўҳрҳои дахлдор, штампу бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории Вазорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикисгон маблағгузорӣ мегардад.
25. Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорат таъсис додани ташкилотҳои ҳизбҳои сиёсӣ, динӣ, иттиходияҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ба истионои иттифоқҳои касаба, манъ аст.
26. Назорати фаъолияти Вазорат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
27. Маҳалли ҷойгиршавии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, хиёбони Шероз-33 мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2014 № 123).